Зимни суханронӣ Хуршед Мирзо иттилоъ дод, ки Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ҳамчун аввалин ҳуҷҷати стратегӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қабул гардидааст. Ин стратегия истифодаи зеҳни сунъиро дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти иттилоотӣ дар бар мегирад.

Инчунин такъид гардид, ки IT Park Dushanbe ҳамчун маркази рушди стартапҳо ва ширкатҳои технологӣ фаъолият менамояд ва барои соҳибкорони технологӣ ва мутахассисони ҷавон шароити мусоид, аз ҷумла имтиёзҳои андозию гумрукӣ, инфрасохтори муосир ва барномаҳои таълимиро фароҳам овардааст.

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба муҳокимаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод намуд, ки Феҳристи таҷрибаҳои беҳтарини давлатҳои аъзо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис дода шуда, заминаи ҳуқуқии ҳамоҳанг дар самти истифода ва танзими зеҳни сунъӣ таҳия гардад, инчунин масъалаҳои марбут ба пайвастагии рақамӣ ва табодули марказҳои додаҳо (data centers) ба рӯзномаи ҳамкорӣ ворид карда шаванд.

Дар фарҷом омодагии ҷониби Тоҷикистон барои густариши ҳамкории минбаъда дар самти рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ изҳор гардида, аз кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барои татбиқи ташаббусҳои пешниҳодшуда даъват ба амал оварда шуд.

Ҳамзамон дар доираи панҷумин ҷаласаи вазирони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Хуршед Мирзо дар Форуми байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ иброз гардид, ки зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди рақамӣ табдил ёфта, дар такмили идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо нақши муҳим мебозад.

Таъкид карда шуд, ки то соли 2030 истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад самаранокии бахши давлатиро ба таври назаррас афзоиш дода, хароҷоти амалиётиро коҳиш диҳад.

Директори Агентӣ изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пайгиронаи рушди рақамӣ ва зеҳни сунъиро амалӣ менамояд.

«Бо дарки аҳамияти зеҳни сунъӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии СММ зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид, — илова намуд Хуршед Мирзо. — Дар доираи Қатънома таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, ки вазифаи ҳамоҳангсозии барномаҳои муштараки татбиқи зеҳни сунъиро дар Осиёи Марказӣ иҷро менамояд».

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон